Иштироки намояндагони Лоиҳаи "Ҳамроҳ бихонем" дар рӯзҳои Иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоии МТМУ №49
Санаи 23-юми феврали соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 як идда меҳмонон ташриф оварданд. Ин меҳмонон Терри Ҷейз - роҳбари лоиҳаи (USAID) "Ҳамроҳ мехонем", Ҳамроҳ Душанбеевич - ҷонишини роҳбари лоиҳа, Зикриё Раҷабов - мутахассиси соҳа дар соҳи маориф, Байзева Заррина - менеджери бахши хадамот, Боқихӯҷаева Дилором - ҳамоҳангсози лоиҳаи "Ҳамроҳ мехонем" дар вилояти Суғд, Ахмедова Бираҳима - мушовири синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд. Дар аввали иштирок дар омӯзиш дарси роҳбалад Дадобоева Замира аз тарафи омӯзгорон таҳлил ва баррасӣ карда шуд. Ҳар яке фикру ақидаи худро пешниҳод намуданд. Сипас омӯзиш идома ёфта, машғулияти 6 "малакаҳои хониш, хониши равони бурро" аз тарафи роҳбаладон Усмонова Мавҷуда, Азимова Дилафрӯз, Дадобоева Замира ва Мӯсоева Фотима гузаронида шуд. Дар охири омӯзиш роҳбари лоиҳаи (USAID) "Ҳамроҳ мехонем" Терри Ҷейз ба сухан баромада, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, изҳори миннатдорӣ намуд. Баъдан ҷонишини роҳбари лоиҳа Ҳамрооҳ Душанбеевич сухан карда, оиди лоиҳа пешниҳодоти худро баён намуд. Ҳамин тариқ, меҳмонон бо як таассуроти ба худ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умуммии №49 изҳори миннатдорӣ намуда, ба омӯзгорон дар корҳои минбаъдаашон муваффиқиятҳо орзу намуданд. Санаи баргузорӣ: 2019-02-25
Санаи дохилшуда: 2019-03-25