Мақоми Бобоҷон Ѓафуров дар арсаи таърих
Мақоми Бобоҷон Ғафуров дар арсаи таърих Дар осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров» даври нимфиналии озмуни «Таърихшиносони ҷавон» баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарии омўзгори муассисаи таълимии №54 Муяссара Қориева, шаҳри Исфара омўзгори муассисаи таълимии №33 Розия Охунова ва Бўстон муаллимаи муассисаи таълимии №10 Гулрухон Маматқулова, ки ба даври нимфиналӣ роҳхат гирифта буданд, ширкат варзиданд. Озмун аз рўи шартҳои мукаммалӣ донистани таърихи ноҳия, китоби «Тоҷикон» -и аллома Бобоҷон Ғафуров ва арзиши миллии он, ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров, мақоми ў дар арсаи таърих, наҚши шоира – Розия Озод дар тарбияи маънавии фарзанди фарзонаи миллат, бузургон дар васфи Бобоҷон Ғафуров, арҷгузорӣ ва эҳтироми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба академик, таърихнигори барҷаста – Бобоҷон Ғафуров, намоиши слайди беҳарин, намоиши саҳнаи тарбиявӣ аз ҳаёти ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, дониши сиёсӣ, маълумоти кофӣ ва маҳорати эҷодкориву ҳунарнамоии иштирокдорон роҳандозӣ гардида, аз ҷониби доварон баҳогузорӣ карда шуд. Ҳадаф аз баргузории озмун ҷалби хонандагон ба омўзиш ва азхудкунии таъриху маданияти гузаштаву имрўза, дарёфти толибилмони боистеъдод, рушд ва ташаккул додани ҳисси ифтихори миллӣ, бедор намудани ҳисси ватандўстиву меҳанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, ғанӣ гардонидани тафаккури сиёсиву таърихӣ мебошад. Дар натиҷа намояндагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара маҳорати баланд нишон дода, бо ба даст овардани 49,5 холӣ мақоми аввалро касб намуда, ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Намояндагони шаҳри Бўстон бо дарёфти 48 хол ба ишғоли ҷои дуюм сазовор гардиданд. Санаи баргузорӣ: 2018-01-03
Санаи дохилшуда: 2019-03-25