Дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз бо роҳбарии мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Қаҳҳорова Ш. даври минтақавии озмуни "Омӯзгори сол" ва "Мутахассиси ҷавони сол" доир гардид. Ғолибон муайян гардиданд. Ҳамаи иштирокчиёни озмунҳои номбурда бо Сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, ки аз ҷониби директорони муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Хистеварз омода карда шуд, сарфароз гардонида шуданд.