Course Image

16

феврал

Фарогирии кудакон ба муассисаҳои томактабӣ – талаботи замони муосир

Маорифи Н.Бобоҷон Гафуров 16-02-2026

    Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи кунунунии муассисаҳои томактабии ноҳия ва фарогирии ҳарчӣ бештари кудакон ба кӯдакистон-ширхоргоҳҳои ноҳия иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон аз шароиту имкониятҳои кӯдакистонҳои ноҳия боздиди корӣ ба амал овард. Ҳамин тариқ санаи 13.02.2026 дар кӯдакистонҳои ҷамоати шаҳраки Ғафуров ва санаи 14.02.2026 дар кӯдакистони №5 деҳоти ба номи Дадобой Холматов ва кӯдакистони №6 деҳоти Овчиқалъача ташрифи корӣ баргузор намуд. Зимни боздидҳо ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва васеъ намудани имкониятҳои инфрасохтори муассисаҳои томактабии номбурда ба масъалони дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳо баён намуд.