Course Image

14

феврал

Мулоқоти ректори Донишгоҳ бо хатмкунандагон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Маорифи Н.Бобоҷон Гафуров 14-02-2026

    13 феврали соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти судманди ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода бо хатмкунандагони муассиса баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур инчунин муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода, роҳбарияти муассиса, омӯзгорон ва хатмкунандагон иштирок намуданд. Нахуст, ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода зимни суханронии худ доир ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд. Ӯ таъкид кард, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф ва илму донишро муайян намуда, барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсилу рушдро фароҳам месозад. Ректори донишгоҳ ҳамзамон ба хатмкунандагон оид ба шароити муосири таълиму тарбия дар донишгоҳ, ихтисосҳои амалкунанда, пояи моддию техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои иштирок дар барномаҳои табодули донишҷӯён маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки донишгоҳ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст.