Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — Нӯмонзода Темурҷон бо мақсади ошноӣ аз наздик бо шароити кору фаъолияти кормандон аз шуъбаи маорифи ноҳия боздид ба амал овард. Зимни боздид номбурда бо утоқҳои корӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, тарзи пешбурди фаъолияти ташкилӣ ва иҷрои барномаҳои соҳавӣ шинос шуда, бо масъулин суҳбати озоду судманд анҷом дод. Таъкид гардид, ки беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, тақвияти назорат аз болои раванди таҳсил, истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва баланд бардоштани масъулияти кормандон аз вазифаҳои муҳими соҳа ба шумор меравад. Ҳамзамон, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, такмили фаъолияти методӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Боздид дар фазои созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳия заминаи мусоид фароҳам овард.