Дарси соати тарбиявӣ дар мавзуи «Ҷанговарони интернатсионалист — қаҳрамонони Ватан» аз ҷониби омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Азизова М. бо хонандагони синфи 4-“А” баргузор гардид. Дар дарс иштирокчиёни ҷанги интернатсионалистӣ Бобоев Пӯлод ва Ахмедов Иноятулло ширкат варзиданд. Хонандагон доир ба корнамоиҳо ва шуҷоати ҷанговарон маълумот пешниҳод намуда, дар васфи Ватан шеърҳо қироат карданд. Ҳамчунин, байни хонандагон ва меҳмонон суҳбати озод доир гардида, хонандагон аз ҳаёти ибратомӯзи ҷанговарон сабақ гирифтанд. Дарс дар фазои эҳтиром ба гузаштаи пурифтихори миллат ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор шуд.