Course Image

12

феврал

Оғози даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Маорифи Н.Бобоҷон Гафуров 12-02-2026

   Дар гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” баргузор гардид.

   Дар чорабинӣ роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳия,  омӯзгорони пешсаф ва иштирокчиёни озмун ҳузур доштанд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” яке аз муҳимтарин чорабиниҳои соҳаи маориф ба шумор рафта, ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, такмили маҳорати касбӣ ва дарёфти омӯзгорони эҷодкору навовар мусоидат менамояд. Иштирокчиёни озмун аз рӯйи шартҳои муайяншуда — пешниҳоди дарси намунавӣ, муаррифии таҷрибаи корӣ, маҳорати истифодаи технологияҳои муосири таълим ва баромади эҷодӣ — байни ҳам рақобат менамоянд. Қайд карда шуд, ки ғолибони даври ноҳиявӣ ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта, ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор намояндагӣ хоҳанд кард. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ оғоз гардида, ба иштирокчиён барори кор ва муваффақият таманно карда шуд.