Санаи 10 феврал дар маҷлисгоҳи шуъбаи маориф ҷаласаи Шӯрои шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 140 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони масъули шуъбаи маориф баргузор гардид. Дар ҷараёни он муовини Раиси ноҳия Турсунзода Дилором иштирок намуд.
Дар Шӯро якчанд масъала, аз ҷумла «Натиҷаи мониторинги сифати таҳсилот аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ дар муассисаҳои таълимии ноҳия», «Натиҷаи вазъи таълим аз фанни забони русӣ дар заминаи иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ то давраи 2030”», «Натиҷаи вазъи фаъолияти маҳфилҳо дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» ва чанд масъалаи дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни баромад муовини Раиси ноҳия Турсунзода Дилором оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, таъмини давомоти хонандагон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дар ин замина омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ҷалби бештари хонандагон ба озмуну сабқатҳои гуногун ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ибрози назар намуд.
Ҷаласаи Шӯрои шуъбаи маориф бо қабули қарорҳои дахлдор ва вазифагузориҳо ҷиҳати беҳдошти раванди таълим ба анҷом расид.